Муноқишаи навбатӣ дар ВМКБ: ин дафъа дар Ишкошим

Сокинони Ишкошим бо талаби истеъфои сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия гирдиҳамойӣ барпо карданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, ба иллати рӯйдодҳо дар Ишкошим, имрӯз ҷараёни гуфтушунид муваққатан мутавақққиф шудааст. Сокинони ноҳияи Ишкошим даст ба эътироз зада, талаб доранд, ки сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз мансаб барканор шавад. Ӯ сокинони […]



Сокинони Ишкошим бо талаби истеъфои сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия гирдиҳамойӣ барпо карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ хабар дод, ба иллати рӯйдодҳо дар Ишкошим, имрӯз ҷараёни гуфтушунид муваққатан мутавақққиф шудааст. Сокинони ноҳияи Ишкошим даст ба эътироз зада, талаб доранд, ки сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз мансаб барканор шавад. Ӯ сокинони маҳаллиро носазо гуфтаааст, ки ба хашмгиниу норозигии аҳолӣ боис гардидааст.

«Барои муайян кардани сабабҳои сар задани ин ҳодиса мушовири президент оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев ва муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов ба Ишкошим раҳсипор шудаанд», – гуфт манбаъ.

Ёдоварӣ шуд, ки моҳи майи соли гузашта низ аҳолии Ишкошим дар робита ба ҳодисаи марбут ба корманди КДАМ норозигӣ изҳор намуда буданд. Корманди КДАМ дар алоқаи шаҳвонӣ бо духтари ноболиғ гумонбар дониста шуда, минбаъд ба ду соли зиндони низоми умумӣ маҳкум шуда буд.

Дар мавриди гуфтушуниди ҷараёндошта дар Хоруғ миёни тазоҳургарон ва ҳукуматдорон манбаъ зикр кард, ки то имрӯз ҷараёни гуфтушунид муътадил идома дошт. «Талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ банд ба банд баррасӣ мешуд, ҷонибҳо оид ба мавқеашон ба муколама мепардохтанд ва дар маҷмӯъ гуфтушунид мусбат ҷараён дошта, ҷонибҳо ба ҳусни тафоҳум оид ба ҳар як банд умедворанд», – зикр кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми майи соли равон дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд. Шаби ҷумъа ба шанбе (23-24-уми май) зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

як изҳороте қабул намуда

, дар он рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард. Дар ин гуфтушунидҳо бо намояндагони ҳукумат ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро  Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин ба сифати нозирон ба ин рӯйхат раиси шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, раиси шӯрои маҳаллаи «Хлебзавод» Толиб Айёмбеков, раиси шӯрои маҳаллаи УПД Зоир Раҷабов, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Ёғибек Ёғибеков, сардори Раёсати нерӯҳои мразбонии Бадахшон Холбаш Холбашев, раиси бахши ҲСДТ дар ВМКБ Алим Шерзамонов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Номус ва инсоф» Улфат Мамадшоева шомил гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.