Хоруғи ноором: июли соли 2012 – майи соли 2014

Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Шаҳрест, ки тайи солҳои ахир дар маркази таваҷчуҳӣ мақомоти қудратӣ қарор дорад… Аз рӯйдодҳои ташвишовари ахир дар Хоруғ ҳанӯз ду сол сипарӣ нагашта, ин шаҳр боз ба маркази ҳодисаҳои таҳлукаомез табдил ёфт. Тибқи маълумоти расмӣ, тобистони соли 2012 бо мақсади дастгир кардани қотилони генерали КДАМ Абдулло Назаров, […]

Маҳпора Киромова



Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Шаҳрест, ки тайи солҳои ахир дар маркази таваҷчуҳӣ мақомоти қудратӣ қарор дорад… Аз рӯйдодҳои ташвишовари ахир дар Хоруғ ҳанӯз ду сол сипарӣ нагашта, ин шаҳр боз ба маркази ҳодисаҳои таҳлукаомез табдил ёфт.

Тибқи маълумоти расмӣ, тобистони соли 2012 бо мақсади дастгир кардани қотилони генерали КДАМ Абдулло Назаров, ки санаи 21-уми июл чанд километр дуртар аз маркази маъмурии ВМКБ кушта шуда буд, дар шаҳри Хоруғ амалиёти низомӣ гузаронида шуд. То имрӯз дар бораи шумораи фавтидагону захмишудагон дар ин амалиёт маълумоти саҳеҳу боъэтимод вуҷуд надорад.

Бино ба маълумоти мониторинги доиргардида соли 2013 аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқ оид ба ин рӯйдодҳо, дар ҷараёни амалиёти махсус дар Хоруғ 18 нафар шаҳрвандони мулкӣ, аксари онҳо сокинони сосоишта ба ҳалокат расидаанд, ки бинобар сабаби огаҳӣ надоштан аз амалиёт саривақт аз шаҳр берун нарафтаанд.

Бо истинод ба намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зикр мегардад, ки ҳангоми амалиёти махсуси рӯзи 24-уми июл 45 нафар ба ҳалокат расидаанд: 22 нафар шаҳрвандони мулкӣ ва 23 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, аммо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳуҷҷатгузории вазъ дар минтақа машғул нашудаанд. «Бино ба изҳороти вазири мудофиа, аксари афроди рӯзи 24-уми июл ҳалокшуда ба сафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша мансуб буда, ҳамин тариқ, ҳангоми муқовимат ба мақомоти интизомӣ кушта шудаанд», – гуфта мешавад дар гузориш.

Рӯзи 21-уми майи соли равон дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд. Шаби ҷумъа ба шанбе (23-24-уми май) зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ба андешаи коршиносон, рӯйдодҳои рухдода дар Хоруғ тасодуфӣ нестанд. Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон

Шодӣ Шабдолов мутмаин аст

, ки «ҳукумати марказии Тоҷикистонро таъҷилан бозбинии сиёсат нисбати ВМКБ дар масоили кадрӣ ва идоракунӣ зарур аст, зеро ба мисли вилоятҳои Суғду Хатлон ё водии Рашт идора кардани ин вилоят мувофиқи мақсад нест».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.