Таваҷҷуҳи меҳмонони воломақом ба сохтмони як иншооти беҳамто дар пойтахт

Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ, ки чанде қабл бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард, имрӯз бо рафти сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ ва ороишоти Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тахти Наврӯз» шинос шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни шиносоӣ бо сохтмони иншоот меҳмони олиқадри хориҷиро муовини аввали раиси МНМО […]



Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ, ки чанде қабл бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард, имрӯз бо рафти сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ ва ороишоти Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тахти Наврӯз» шинос шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни шиносоӣ бо сохтмони иншоот меҳмони олиқадри хориҷиро муовини аввали раиси МНМО ҶТ Амиршо Миралиев ҳамроҳӣ кардааст.

Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тахти Наврӯз» дар рӯ ба рӯи Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ, дар соҳили Кӯли ҷавонон қомат меафрозад. Бинои сеошёнаи марказ мутобиқи анъанаҳои чандинасраи меъморӣ ва ороишотии миллӣ ва ҳамчунин бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмон бунёд мегардад.

Мувофиқи нақша, ягона Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тахти Наврӯз»-и кишвар бояд моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин иншоот бояд яке аз чойхонаҳои бузургтарин дар ҷаҳон барои 2 ҳазор нафар ҷой шавад.

Қобили зикр аст, ки ба ин иншооти сохтмонаш ҳанӯз нотамом аллакай меҳмонони воломақоми Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Моҳҳои март ва майи сол равон бо ҷараёни сохтмони он раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов шинос шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.