«Тоҷик Эйр» ба парвоз тариқи хатсайри Хуҷанд – Иркутск оғоз мекунад



Шурӯъ аз 13-уми июни соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Хуҷанд – Иркутск оғоз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, парвоз тавассути хатсарйи Хуҷанд – Иркутск – Хуҷанд ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа бо ҳавопаймои Боинг 757 анҷом дода мешавад. Қаблан ширкат парвоз тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Иркутскро ба иҷро мерасонид, лекин он баста шуд.

Ба иттилои манбаъ, вақти парвоз аз фурудгоҳи Хуҷанд 07-50 дақиқаи вақти маҳаллӣ муқаррар шуда, муддати парвоз то нуқтаи таъиншуда 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад ва арзиши билет барои 1 тараф аз 250 евро оғоз мегардад.

«Ғайр аз ин, моҳи июн ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳо аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Екатеринбург ва Самараи Русияро дубора барқарор мекунад. Интизорӣ меравад, ки парвоз тариқи хатсайри Хуҷанд – Екатеринбург – Хуҷанд аз 6-уми июн рӯзҳои душанбеи ҳафта ва Хуҷанд – Самара – Хуҷанд аз 9-уми июн рӯзҳои ҷумъаи ҳафта ба роҳ монда мешаванд. Арзиши билет ҳам ба Самара ва ҳам Екатеринбург аз 220 евро шурӯъ мешавад», – гуфтанд дар ширкати «Тоҷик Эйр».

spot_imgspot_img

Популярное