Аз фонди захиравии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандсозии занон-хизматчиёни ҳарбии дар гузашти низомӣ бахшида 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии кишвар иштирокдошта 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз ба итмом расидани маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона, ки рӯзи 26-уми май дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ доир гардиду имрӯз ҷашн гирифта мешавад, Эмомалӣ Раҳмлн дастур додааст, ки ба ҳар кадоме аз занон-хизматчиёни ҳарбии дар гузашт иштирокдошта 1000-сомонигӣ маблағи пулӣ ҷудо карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки дар гузашти низомӣ ба ифтихори 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор сарбозону афсарон, аз ҷумла 600 нафар занон-хизматчиёни низомӣ, зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш ва мошинҳои махсус ширкат варзиданд.



