Дар Тоҷикистон «коктейли Молотов»-ро ба силоҳи оташфишон баробар мекунанд

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни ҶТ ««Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» баррасӣ шуд. Дар тағйироти мазкур пешбинӣ мешавад, ки шахсони истифодабарандаи ба истилоҳ «коктейлҳои Молотов» (омехтаи сӯзанда аз маводи зудоташгиранда) дар макони […]



Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни ҶТ ««Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» баррасӣ шуд.

Дар тағйироти мазкур пешбинӣ мешавад, ки шахсони истифодабарандаи ба истилоҳ «коктейлҳои Молотов» (омехтаи сӯзанда аз маводи зудоташгиранда) дар макони маҷлисҳову гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон ва ҷойи издиҳоми мардум, ба шахсоне баробар карда мешаванд, ки ғайриқонунӣ аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҳолатҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба истифодаи таъҷилии силоҳи оташфишон нисбат ин гурӯҳи шахсон ваколатдор карда мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ ҳамчунин лоиҳаҳои тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи химзати давлатӣ» низ баррасӣ шуданд.

Дар идома зикр гардид, ки тамоми масъалаҳои аз ҷониби Шӯро баррасишуда ҷиҳати омӯзишу баррасии муфассал ба кумитаҳои дахлдори МНМО фиристода шуданд.  Бо қарори Шӯро, ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 30-юми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.