Ба литсейи №1 номи профессор Мансур Бобохонов гузошта шуд

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд маросими ба литсейи №1 гузоштани номи олими таърихшинос, профессор Мансур Бобохонов баргузор шуд. Дар маҷлиси тантанавӣ ба ин муносибат омӯзгорону толибилмони литсей, намояндагони ҳукумати шахр, хешону наздикон, ҳамкорон ва дӯстони олим ширкат варзиданд. Зимни суханронӣ назди ҳозирин раиси шаҳри Конибодом Нуъмонҷон Обидзода саҳми профессор Бобохоновро дар рушди илми таърихшиносии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд маросими ба литсейи №1 гузоштани номи олими таърихшинос, профессор Мансур Бобохонов баргузор шуд.

Дар маҷлиси тантанавӣ ба ин муносибат омӯзгорону толибилмони литсей, намояндагони ҳукумати шахр, хешону наздикон, ҳамкорон ва дӯстони олим ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ назди ҳозирин раиси шаҳри Конибодом Нуъмонҷон Обидзода саҳми профессор Бобохоновро дар рушди илми таърихшиносии Тоҷикистон қайд карда, изҳор намуд, ки ӯ ташаббускори дар барномаҳои таълимӣ ҷорӣ шудани фанни нав – Таърихи тоҷикони ҷаҳон аст. Китобҳои дарсии нахустини ин фанни нав низ бо забонҳои тоҷикиву русӣ аз ҷониби худи профессор таҳия шудаанд.

Ифтитоҳи Маркази омӯзиши тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон самараи кӯшишҳои чандинсолаи профессор ва яке аз хизматҳои шоиистаи ӯ дар омӯзиши таърихи тоҷикон аст. Муҳим будани омӯзиши ин мавзӯъро чандин маротиба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард ва тасодуф нест, ки барои саҳм дар рушди илми таърихшиносии Тоҷикистон ӯ бо қарори сарвари давлат ба ордени «Дӯстӣ» мушарраф гардид.

Дар суханронии худ раиси шаҳр Н.Обидзода изҳори итминон кард, ки ҳаёту эҷодиёти пурмаҳсули Бобохонов, хизмати беғаразонаи ӯ ба мардум намунаи ибрат барои толибилмони литсей шуда, онҳоро ба хониши аъло ва кӯшиши ҳарчи бештар азхудкунии дониш раҳнамун месозад.

Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин шоири шинохта Алӣ Бобоҷон, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом Ховархон Наҷмиддинова, ҳамкорон ва дӯсти олим Музаффар Комилов, яке аз шогирдони профессор, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Муҳиддинҷон Файзуллоев, хонандаи синфи 7-уми литсей Ҳамралиев ва писари олим Умед Бобохонов низ суханронӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» директори литсей Турсуной Мамадҷонова хабар дод, ин муасисаи таълимӣ яке аз беҳтаринҳо дар шаҳр аст. Литсей соли соли 1998 таъсис ва имрӯз дар он беш аз 300 нафар толибилмон таҳсил мекунанд, ки дар асоси озмун қабул шудаанд. Дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 20 нафар омӯзгорони дорои маълуомти олӣ фаъолият дошта, хонандагони литсей борҳо ба ҷоизаҳои олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шарафёб гардидаанд.

Дар маҷлис зикр гардид, ки аз соли нави хониш барои толибилмони беҳтарини литсей стипедияи ба номи Мансур Бобохонов ва барои омӯзгорони литсей мукофоти ҳамном таъсис дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.