Чанде қабл дар ҳузури нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ оид ба масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда машварати корӣ доир гардид.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар машварат ба масъалаи омодагии марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар мавсими сармо ва таъмини аҳолӣ бо ангишт таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
«Дар робита ба то 100 мегаватт расонида шудани иқтидори Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе дар давоми соли равон, нахуствазир ҷиҳати бунёди хатҳои гармидиҳанда ва пайванди ин Маркази барқу гармидиҳӣ бо Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои муқарраргардида дастуру супориш дод», – иброз дошт Муҳиддинов.



