ТҒҲ: Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи аҳолии осебпазир қодир нест



Дар иҷлосияи рӯзи 30-юми майи соли 2014 Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузориши Тоҷикистон дар бораи иҷрои Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мешавад.

Дар гузориш, ки аз ҷониби ҳашт эътилофи Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ) таҳия шудааст, ба масъалаҳои ба қадри кофӣ омода набудани ҳукуматдорон ба ҳифзи ҳуқуқи занон, муҳоҷирони корӣ, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, маъюбон, аҳолии осебпазири деҳот ва дигар гурӯҳҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Дар иттилоияи Шарикии байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон зикр мегардад, ки дар ин гузориш масъалаҳои мавҷуд набудани қонунгузории зидди поймолкунии ҳуқуқҳо ва нақшаҳои амал дар мубориза бо он, таъсири манфии никоҳҳои барвақтӣ ва хешутаборӣ ба занон, хушунат дар оила, нобаробариии ҳуқуқи занон дар бозори меҳнат, муҳоҷирати корӣ, вазъи маъюбон, дастрасӣ ба маълумот ва хизматгузории тандурустӣ матраҳ гардидаанд.

Гузориши ТҒД аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене», Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Маркази ҳифзи ҳуқуки инсон, Маркази ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, ташкилоти «Ҳуқуқ ва шукуфоӣ», Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ва ҳамчунин Ҷамъияти маъюбони «Имконият» омода карда шудааст.

Матни пурраи гузориш бо суроғаи

http://notabene.tj/documents/List%20of%20Q”s%20on%20ICESCR_RUS.pdf

қобили дарёфт аст. 

spot_imgspot_img

Популярное