Тибқи маълумотҳои оморӣ, ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ 5 млрд.796,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз зиёд аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои таҳлил дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо гувоҳи он аст, ки дар ин давра маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.
«Аз ҷумла, 33,5 фоиз ё худ 1 млрд. 942,3 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 66,5 фоиз ё худ 3 млрд. 854,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд», – зикр мегардад дар маълумоти Бонки миллӣ.
Гуфта мешавад, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли равон бо пули миллӣ 15,28 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,26 фоизи солонаро ташкил додааст.



