Тамоили афзоиши пасандозҳои шахсони воқеъӣ дар Тоҷикистон

Тибқи маълумотҳои оморӣ, ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ 5 млрд.796,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз зиёд аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои таҳлил дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо гувоҳи он аст, […]



Тибқи маълумотҳои оморӣ, ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ 5 млрд.796,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз зиёд аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои таҳлил дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо гувоҳи он аст, ки дар ин давра маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.

«Аз ҷумла, 33,5 фоиз ё худ 1 млрд. 942,3 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 66,5 фоиз ё худ 3 млрд. 854,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд», – зикр мегардад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли равон бо пули миллӣ 15,28 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,26 фоизи солонаро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.