Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл ноиби президенти Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) Кристина Берлиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хзабар дод, М.Убайдуллоев ба ноиби президенти КБСС барои дастгирии доимии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба рушди муносибатҳо бо ин созмони бонуфузи байнулимлалӣ омода аст.
«Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои безараргардонии минаҳо, расонидани кумак ба маъюбон, пешгирии зуҳуроти нашъамандӣ, дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ, ташкили курсҳои омӯзиши касбҳо барои занони хонашин ва таъминот бо таҷҳизоти тиббиро низ мавриди барраси қарор доданд», – афзуд Ш.Саидов.



