Боздиди баронессаи бритониёӣ аз дафтари кории ҲНИТ

Рӯзи 27-уми май дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мулоқоти Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб ва вакили МН бо Баронесса Вивйен Стерн, намояндаи парлумони Бритониё ва Ричард Вуд, муовини сафири Бритониё дар Тоҷикистон баргузор гашт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суҳбати ҳарду ҷониб масоили вобаста ба амнияти кишвар ва минтақа, фаъолияти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27-уми май дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мулоқоти Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизб ва вакили МН бо Баронесса Вивйен Стерн, намояндаи парлумони Бритониё ва Ричард Вуд, муовини сафири Бритониё дар Тоҷикистон баргузор гашт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни суҳбати ҳарду ҷониб масоили вобаста ба амнияти кишвар ва минтақа, фаъолияти парлумони Тоҷикистон, эҷоди муносибот байни парлумонҳои ду кишвар, фаъолияти ҳизби характери динидошта дар кишвар, муносиботи ҳукумат бо ин ҳизб ва фишору тазйиқи аъзою ҷонибдорони онро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳамин рӯз Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ бо хонум Аннет Бор – пажӯҳишгари масоили Русия ва АвруОсиё дар Институти шоҳигарии Бритониё оид ба умури байналмилалӣ ва Бенҷамин Рар, мудири иҷроияи муассисаи гузоришӣ ва машваратии BVR-и кишвари мазкурро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ роҷеъ ба хуруҷи НАТО аз Афғонистон ва таъсири ин раванд ба кишварҳои минтақа, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, дурнамои муносиботи кишварҳои ғарбӣ бо Тоҷикистон, интихоботи парлумонии соли 2015, шеваҳои мубориза бо редикализми диниву дунявӣ ва масоили дигар баҳс сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.