Аз ҳузури маҳсулоти «Рошен» дар бозори Тоҷикистон Никитюк хушнуд аст



Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк «хушнуд аст, ки дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон маҳсулоти корпоратсияи қаннодии «Рошен» (Roshen) зиёд ба чашм мерасад».

«Сарфи назар аз изҳороти номзад Петр Порошенко бобати фурӯхтани ин тиҷорати худ дар сурати пирӯз омаданаш дар интихоботи президентӣ ва мушаххасан тафриқа гузоштан миёни фаъолияти сиёсӣ ва тиҷоратӣ, умедворам, ки ин вазъ тағйир намеёбад», гуфт Никитюк зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Қобили зикр аст, ки номзад ба мансаби президенти Украина Петр Порошенко, ки дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ пешсаф ва беш аз 54%-и раъйи интихобкунандагонро касб кард, молики корпоратсияи «Рошен» мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дипломати украинӣ таъкид кард, ки рӯйдодҳои фоҷеаборе, ки дар Украина сурат гирифтанду то ҳанӯз идома доранд, ба ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Украина таъсир расониданд.

«Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки барои барқарор кардан ва рушди минбаъдаи он ҷиддӣ чораҷӯи кунем. Барои ин мо аз механизмҳои зарурӣ бархӯрдор буда, комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ амал мекунад. Умедворем, ки ин механизм самара ба бор оварда, ҷиҳати рушди ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба ва ҳамкорӣ дар сатҳи субъектҳои хоҷагидорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд», – афзуд дипломати украинӣ.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 4 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Украина беш аз 18,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,3% камтар аст. Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2014 аз Украина ба Тоҷикистон ба маблағи 18,3 млн. $ молу коло ворид гардида, аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар ҳаҷми 203 ҳазор $ маҳсулот фиристода шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное