Сафорати Украина оид ба иштироки тоҷикон дар рӯйдодҳои ин кишвар маълумот надорад

– Намояндагии дипломатии Украина дар Тоҷикистон оид ба иштироки шаҳрвандони тоҷик дар муқовимати мусаллаҳона дар Украина аз ҷониби ҷудоихоҳон маълумот дар даст надорад, – хабар дод имрӯз  ба журналистон сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк. «Маълумот додан дар бораи маҳз киҳо ва бо шаҳрвандии кадом кишвар дар Украина амал кардан аз ҷониби ҷудоихоҳон мушкил аст», […]

Пайрав Чоршанбиев



– Намояндагии дипломатии Украина дар Тоҷикистон оид ба иштироки шаҳрвандони тоҷик дар муқовимати мусаллаҳона дар Украина аз ҷониби ҷудоихоҳон маълумот дар даст надорад, – хабар дод имрӯз  ба журналистон сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк.

«Маълумот додан дар бораи маҳз киҳо ва бо шаҳрвандии кадом кишвар дар Украина амал кардан аз ҷониби ҷудоихоҳон мушкил аст», – гуфт дипломати украинӣ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Дар ҳамин ҳол, Никитюк зикр кард, ки соли равон 450 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Украина таҳсил доштанд. «Дар робита ба ин рӯйдодҳои ташвишовар чанде аз онҳо ба ватан баргаштанд, вале шумораи мушаххаси онҳо ба мо маълум нест», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи сафир, имрӯз ҳисоб кардани овозҳо дар маъракаи интихоботи президенти Украина ба итмом расида, то субҳи имрӯз 99,4%-и варақаҳои овздиҳӣ ҳисоб карда шудаанд ва мутобиқи натиҷаҳои онҳо, номзад Петр Порошеко – беш аз 54%, Юлия Тимошенко – 13% ва Олег Ляшко – зиёда аз 8%-и раъйи интихобкунадагонро соҳиб шудаанд.

Никитюк таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мухтори Қрим қисми ҷудонашавандаи Украина боқӣ мемонад. «Ин мавқеъи усулӣ буда, тағийрнопазир аст. Украина ҳеҷ гоҳ ғасби ғайриқонунии Қримро эътироф накарда, барои ба фазоии ҳуқуқии Украина баргардонидани Қрим аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард. Дар фаъолияти президенти тозаинтихоби Украина, аз ҷумла гуфтушунидҳояш бо президенти Русия ин яке аз масъалахои асосӣ хоҳад буд», – изҳор кард сафири Украина.

Сафир бар ин назар аст, ки дар кишваре, ки «тариқи таҷовузи низомӣ ин қаламравро ба худ ҳамроҳ кард», барои умедвор гардидан ба «боло гирифтани ақли солим ҷиҳати қабули андешаи ҷомеаи байнулмилалӣ ва баргардонидани Қрим ба Украина» имконоти воқеъӣ мавҷуд аст. «Ҳарчанд ман мутмаинам, ки аллакай имрӯз дар Русия бисёр одамоне ҳастанд, ки ин рӯйдодҳоро оқилона арзёбӣ мекунанд», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.