Нахуствазири Тоҷикистон ба Минск раҳсипор шуд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск раҳсипор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Тибқи маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 30-юми май […]

Пайрав Чоршанбиев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск раҳсипор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 30-юми май доир мегардад, баррасии беш аз 20 лоиҳаи санадҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ҷараёни иҷрои Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳо дар соли 2013 ва дар давраи то соли 2020 ва Маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2014 мавриди таҳлил қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин имзои созишномаи танзими ҳамкориҳо дар соҳаи табодули байнидавлатии маълумоти илмӣ-техникӣ ва ҳамкории мутақобилаи иттилоотии кишварҳои узви ИДМ дар бахши таъмини амнияти нақлиётӣ низ тарҳрезӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчуни атрофи тадбирҳои рушди ҳамкориҳо дар бахши радионавигатсия ва гидрометеорология дар солҳои наздик, масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои, варзиш, тандурустӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.