Тоҷикистон эҳёи Роҳи Абрешимро дастгирӣ мекунад

Рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ дар маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Ланҷоу ҳамоиши Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) доир ба эҳёи Роҳи Абрешим баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи ифтитоҳии ин ҳамоиш роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷаҳони […]

ASIA-Plus



Рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ дар маркази маъмурии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Ланҷоу ҳамоиши Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) доир ба эҳёи Роҳи Абрешим баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи ифтитоҳии ин ҳамоиш роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷаҳони имрӯз, новобаста ба пешрафтҳои бузурги техникиву технологӣ, мубталои ҷангу низоъҳо, ноустувориҳои иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ ва чолишҳои муҳитзистӣ буда, то кунун монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди савдову тиҷорат ва табодули фарҳангӣ боқӣ мондаанд.

«Аз ин рӯ, замони муосир ба эҳъёи анъана ва фалсафаи Роҳи Бузурги Абрешим, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва табодули фарҳангиву тиҷоратиро дар тӯли асрҳо талқин мекард, ниёз дорадва бино бар ин, Тоҷикистон эҳёи Роҳи Абрешим ва бунёди навори иқтисодиро дар тӯли он дастгирӣ менамояд», – таъкид доштааст муовини вазир.

Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҳамоиш нақши Муколамаи ҳамкории Осиёро дар эҳъёи Роҳи Абрешим мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба ин, бунёди шабакаи ягонаи нақлиётиву коммуникатсионии пайвасткунандаи кишварҳои воқеъ дар Роҳи Абрешим, ташаккули ҳамёрии энергетикии аъзои МҲО, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва сохтани Роҳи Абрешими “сабз”, мусоидат ба муколамаи фарҳангҳо дар фазои МҲО аз тариқи тавсеаи равобити инсонҳо ва рушди сайёҳӣ ба ҳайси самтҳои ҳамкории кишварҳои узви МҲО, ки ба эҳёи Роҳи Абрешим мусоидат мекунанд, муайян гардиданд.

Гуфта мешавад, тасмим гирифта шудааст, ки ба ҳамкории кишварҳои аъзои МҲО аз рӯи самтҳои мазкур идома бахшида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.