Шабдолов: НАТО бояд пароканда карда шавад

— Дар ҳама гуна минтақаи ҷаҳон, ки он ҷо намояндагони Созмони Аҳдномаи Аталантикаи Шимлӣ (НАТО) ҳузур пайдо мекунанд, дар он минтақа ҳатман даргирие рух дода, ба хунрезиву ашки мардуми бегуноҳ боис мегардад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов. Ба гуфтаи ӯ, пас аз тобистони соли […]



— Дар ҳама гуна минтақаи ҷаҳон, ки он ҷо намояндагони Созмони Аҳдномаи Аталантикаи Шимлӣ (НАТО) ҳузур пайдо мекунанд, дар он минтақа ҳатман даргирие рух дода, ба хунрезиву ашки мардуми бегуноҳ боис мегардад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз тобистони соли 1991 дар Прага аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ, Булғористон, Маҷористон, Руминия ва Чехословакия ба имзо расидани протоколи қатъи фаъолияти иттиҳоди низомӣ-сиёсии кишварҳои Аврупои Шарқӣ – Шартномаи Варшава, НАТО мебоист пароканда карда мешуд.

«Ҳаракатҳои ҷаҳонии коммунистӣ аз аввал ва имрӯз ҳам бар ин назаранд, ки НАТО иттиҳоди низомии таҷовузкор буда, ҳадафи аслиаш таъмини ҳукмронии ИМА дар саросари дунё аст ва ин итттиход бояд таъҷилан барҳам дода шавад», – гуфт сиёсатмадор.

Шабдолов таъкид кард, ки замони пошхӯрии иттиҳоди Шартномаи Варшава тобистони соли 1991, раҳбарияти НАТО ва ИМА ба президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв итминон дода буданд, ки манфиатҳои НАТО аз Берлин дуртарро фаро нахоҳанд гирифт, вале он замон бисёриҳо дарк накарданд, ки онҳо дуруғ мегӯянд.

«Солҳои минбаъда НАТО қариб тамоми кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Прибалтикаро ба сафҳои худ шомил карда, акнун ба давлатҳои қаламрави пасошӯравӣ – Гурҷистон ва Украина дастдарозӣ мекунад», – иброз дошт Шабдолов.

Раиси ҲКТ зикр кард, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки ҷаҳон муваққатан таҳти раҳбарии ИМА якқутба шуд, ҳеҷ касе ба он хунрезиҳои НАТО дар Ироқу Югославия ва як қатор кишварҳои дигар, ки бидуни иҷозати СММ гузаронида мешуд, ҷиддӣ муқовимат карда наметавонист.

«Аммо имрӯз ҷаҳон бисёрқутба шудааст ва тавофуқоти ҳосилшуда нимаи моҳи май дар Шанхай миёни сарони кишварҳои Русияву Чин гувоҳи ин гуфтаҳост», – афзуд Шабдолов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.