Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб интихоб шудани Абдулфаттоҳ Ас-Сиси ба унвони ӯ барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоб муваффақияту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Миср осоишу тараққӣ ва шукуфоӣ орзу карда мешавад.
«Дар чунин лаҳзаҳои гуворо мо аз умку аҳамияти равобити таърихии ду кишвар ва мардумони он ёд карда, рағбати самимии хешро барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки худ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ ҷиҳати таҳким бахшидани равобите, ки орзуҳои моро дар роҳи устувор гардондани сулҳу амонӣ ва рушду тараққӣ таҷассум месозанд, таъкид менамоем», – омадааст дар барқия.
Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи президенти Миср рӯзҳои 26-27-уми июн доир гардида, рӯзи дигар натиҷаҳои ғайрирасмии он маълум шуданд. Тибқи маълумоти тоза, бо касби 92,9%-и раъйи интихобкунандагон собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Абдулфаттоҳ Ас-Сиси президенти Миср интихоб шуд.



