Муноқишаи толибилмони пойтахт бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт

Муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ба кордзанӣ табдил ёфта, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, муноқиша шоми рӯзи 30-юми май дар қаламрави маҳаллаи 91-ум миёни толибилмони мактабҳои №66 ва №94 ба вуқӯъ пайвастааст. Муноқишаи лафзӣ ва афтударафт ба кордзанӣ бадал шуда, дар […]



Муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ба кордзанӣ табдил ёфта, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, муноқиша шоми рӯзи 30-юми май дар қаламрави маҳаллаи 91-ум миёни толибилмони мактабҳои №66 ва №94 ба вуқӯъ пайвастааст. Муноқишаи лафзӣ ва афтударафт ба кордзанӣ бадал шуда, дар натиҷаи ҷароҳати расида аз зарбаи корд хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 66 ҳалок шудааст. Тибқи баъзе маълумот, қабл аз муноқиша ин ду хонанда дар яке аз шабаакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс пардохта будаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз рӯйи ин далел нуҳ нафар хонандагони мактабҳои гуногуни пойтахт ва ҳамчунин сокини 19-солаи шаҳри Душанбе Баҳрулло Асоев боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ зикр карданд, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур имрӯз вазири маориф Нуриддин Саидов ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо иштироки директорони мактабҳо ва хонандагон дар мактаби рақами 64 маҷлис гузаронидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.