Гунаҳкори асосӣ дар куштори толибилми мактаб
бар асари кордкашӣ
дар Душанбе – Бобоҷон Ҳомидови 17-сола ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ҳабс қарор дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Баҳриддин Давлатбеков хабар дод, аз рӯи далели қатли толибилми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ Баҳромиддин Зарифов мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) ва 237, қ. 3 (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Айни замон дар робита ба ин ҳодиса 9 нафар хонадагони мактабҳои гуногун боздошт шуда, дар мактаби махсус қарор доранд.
Давлатбеков тасдиқ намуд, ки қабл аз ҳодиса дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» миёни айбдоршавандаи асосӣ ва хонандаи ҳалокшуда муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, ҷавонони ба ҳамдигар ношинос бобати кадоме аз онҳо пешво будан баҳс кардаанд. Дар ниҳояти кор, онҳо тасмим гирифтаанд, ки воқеъан бо ҳам вохӯранд ва назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар маҳаллаи 91-ум ҷойи вохӯриро таъин намудаанд.
«Ба ҷойи вохӯрӣ онҳо ҳамроҳи дӯстони худ – толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ омада, сипас бо доду фарёд ба муноқиша пардохтаанд. Роҳгузарон ба онҳо гуфтаанд, ки муноқишаро дар яке аз ҳавлиҳои назди манзилҳои истиқоматӣ идома бидиҳанд. Вақте ба назди яке аз ҳавлиҳои манзили истиқоматӣ меоянд, дӯстонаш ба Бобоҷон Ҳомидов мегӯянд, ки кордро барорад. Ҳангоме ки ӯ кордро нишон медиҳад, ҳама пароканда мешаванд ва Ҳомидов бо Баҳромиддин Зарифов танҳо мемонанд. Ахирӣ ба Ҳомидов мегӯяд, ки аз корд истифода накунад, вале ӯ ба шикам ва сипас ба пойи Баҳромиддин бо корд зарба мезанад. Пас аз ним соат наврас дар бемористон ба ҳалокат мерасад», – изҳор кард Давлатбеков.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз оғози сол дар пойтахт 11 далели муноқишаву ҷанҷол миёни ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки дар се ҳодиса аз корд истифода шудааст. «Дар аксари ҳолатҳо дар муноқишаҳо ҷавонони 16-17-сола иштирок мекунанд, ки аз тарбия дур мондаву тамоми шабонарӯз ба ҳоли худ гузошта шудаанд, тамоми вақти холии худро дар кӯча паси сар мекунанд ва падару модаронашон ба онҳо таваҷҷуҳе надоранд», – зикр кард Давлатбеков.
Ба гуфтаи ӯ, толибилми ҳалокшуда Баҳромиддин Зарифов зодаи шаҳраки Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, хонадаи синфи 11-уми мактаби №66-и пойтахт буда, дар манзили хоҳараш иқомат доштааст. Сокини 17-солаи шаҳри Душанбе Бобоҷон Ҳомидов пас аз хатми синфи 8-ум дар ҳеҷ куҷо таҳсил надоштааст.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар дод, ки зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯи ин ҳодиса Фарҳод Рауфов ва Фазлиддин Сатторови 18-сола ва ҳамчунин Баҳодур Раҳимови 20-сола низ боздошт шудаанд. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



