КДАМ: Дар мадрасаи ғайриқонунии Ҳисор кӯдакон лату кӯб мешуданд

Дар ноҳияи Ҳисор мадрасаи ғайриқонуние ошкор карда шуд, ки ба гуфтаи толибилмонаш, дар он кӯдакон аз ҷониби омӯзгор мавриди лату кӯб қарор мегирифтаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни рейди навбатӣ кормандони шуъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Ҳисор як мадрасаи ғайриқонуниеро ошкор кардаанд, ки […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар ноҳияи Ҳисор мадрасаи ғайриқонуние ошкор карда шуд, ки ба гуфтаи толибилмонаш, дар он кӯдакон аз ҷониби омӯзгор мавриди лату кӯб қарор мегирифтаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни рейди навбатӣ кормандони шуъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Ҳисор як мадрасаи ғайриқонуниеро ошкор кардаанд, ки ба Ҳакималӣ Низомов, маъруф ба Қорӣ Абдудҳаким тааллуқ доштааст.

«Ахиран дар мадрасаи воқеъ дар хонаи сеошёна ҳудуди 80 нафар кӯдакони синни аз 3 то 18-сола таҳсил мекардаанд, ки дар як моҳ барои таҳсил ба Қорӣ Абдулҳаким 300 сомонӣ маблағ пардохт мекардаанд. Ҳамин тариқ, даромади моҳонаи Қорӣ Абдулҳаким 10-12 ҳазор сомониро ташкил медод», – гуфтанд дар КДАМ.

Дар

навори видеоӣ

, ки дар YouTube гузошта шудааст, толибилмони мадрас аз чӣ гуна мавриди лату кӯб қарор гирифтанашон аз ҷониби муаалимашон ҳикоя мекунанд. Кӯдакон аз бо ресмон бо сарашон ба пойн овезон кардан, ба онҳо гузаронидани ҷараёни шиддати барқ шикоят мекунанд. Дар навори видеоӣ кӯдакон дасту рӯй ва дигар узвҳои баданашон бо осори захму лату кӯбро нишон медиҳанд.

Аз КДАМ хабар доданд, ки соли 2004 Ҳакималӣ Низомов ҷиҳати ифтитоҳи муассисаи таълимӣ дар назди масҷиди ҷомеъи Ҳисор аз Маркази исломии Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, бо суистеъмол аз он, ба омӯзиши кӯдакон дар хона шурӯъ кардааст. Мақомоти дахлдор соли 2007 аз ин далел огоҳ гардида, фаъолияти мадрасаро боздоштаанд ва ҳамчунин Низомовро дар ҳаҷми 7 нишондиҳандаи ҳисоб ҷарима кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон нисбат ба Низомов мутобиқи моддаҳои 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола), 117 (Азобу уқубат) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.