Ноиби Раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Кристин Берлӣ рӯзи 25 май бо нахустин сафари худ ба Тоҷикистон омад. Дар тӯли сафар ӯ бо мақомоти баландпояи тоҷик ва раҳбарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дод. Фаъолиятҳои кунунии КБСС ва башардӯстона дар ин мулоқотҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Кристин Берлӣ ҳамчунин бо хонаводаҳои баҳраманд аз барномаҳои иқтисодии КБСС дидор кард. Ин барнома аз соли 2012 роҳандозӣ шуда ва ҳадаф аз он пуштибонии пойдор аз хонаводаҳои осебдида бар асари инфиҷори мина ҷиҳати роҳандозӣ ё идомаи касбукори хонаводагӣ тавассути ироаи кумакҳои молии хурд аст. Дар соли 2013 ин барнома хонаводаҳоеро низ фаро гирифт, ки як узв, бавижа ноноварро, ҳангоми ҳаводиси Рашт ва Хоруғ аз даст додаанд.
Кристин Берлӣ нахустин мусоҳибаи худро дар Тоҷикистон бо Asia-Plus
анҷом дод.
– Лутфан бигӯед, ки чӣ кумакҳоеро КБСС ҳангоми баргузории амалиёти низомӣ дар Хоруғ дар соли 2012 ба мардум ироа намуд ва чӣ кумакҳоеро ин кумита метавонад ҳоло барои мардуми Хоруғи ноором ироа намояд?
– Тавре ки иттилоъ доред, КБСС муддатест, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Албатта мо дар мавриди вазъияти Хоруғ дар соли 2012 хабар доштем ва аз ин рӯ, мо корҳоеро ҷиҳати ироаи кумакҳои башардӯстона анҷом додем. Мо ниёзҳои зарурӣ барои мардуми осебдида дар Хоруғ ва ҳамчунин бастаҳои беҳдоштиву кумакҳои аввалия барои ироаи кумакҳои аввалия фароҳам кардем. Аз он ҷо ки мо ба он макон дастрасӣ надоштему надорем, кумакҳо барои ниёзмандон тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ироа гардиданд. Ва мо дар ин росто ба талошҳои худ идома хоҳем дод, зеро ин вазъияте маъмулии вобаста ба салоҳияти КБСС аст ва мо бояд дар чунин шароит дастрасии мустақим дошта бошем.
– Тавре ки медонед, сокинони доманакӯҳиТоҷикистон бештар аз ҳама дар маърази офати табиӣ қарор доранд. Лутфан бигӯед, ки КБСС дар як соли ахир чӣ миқдор кумак барои қурбониёни офати табиӣ ироа намудааст ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияи Шӯробод, ки дар онҳо хонаҳои зиёде тахриб шуданду талафоти инсонӣ сабт шуда, дақиқан чӣ корҳое анҷом шудааст?
– Дар мавориди марбут ба офтати табиӣ, КБСС бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, чун созмони мо бар асоси салоҳият бештар ҳимоят ва пуштибонии башардӯстонаро ба қурбониёни даргириҳои мусаллаҳ ва дигар шароити хушунатомез анҷом медиҳад. Дар ҳар се минтақа, ки шумо аз онҳо ном бурдед, бавижа дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҶҲАТ кумакҳои башардӯстонаро барои мардуми маҳаллӣ ироа намуд ва КБСС дар ин росто аз Ҷамъияти миллӣ пуштибонӣ мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки КБСС на танҳо кумакҳои кӯтоҳмуддат, балки дарозмуҳлат низ ироа мекунад – тавассути сармоягузорӣ дар омӯзиш ва огоҳ кардани кормандони Ҷамъияти миллӣ ҷиҳати омодасозии онон барои вокуниш дар ҳолати чунин офати табиӣ ва дар натиҷа коҳиши талафоти инсонӣ.
– Тибқи иттилоъи мо, КБСС, ки салоҳияти он иҷозаи боздид аз маконҳои боздоштро барои ироаи кумакҳои пизишкӣ ва дигар кумакҳои башардӯстона медиҳад, чанд солест, ки ба маконҳои боздошти Тоҷикистон дастрасӣ надорад. Музокирот байни КБСС ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2011 идома дорад, аммо ба иттилои мо, то имрӯз натавонистаааст муҷаввиз дарёфт кунад. Фикр мекунед ба чӣ ин вобаста аст ва оё имзои тавофуқнома, ки ҳукумат ба набуди он руҷӯъ менамояд, ин қадр душвор аст?
– Мо дар беш аз 50 кишвар дар саросари ҷаҳон бо масоили маконҳои боздошт кор мекунем. Ва бояд зикр кард, ки КБСС фаъолияти худро бо таваҷҷуҳ ба шароити ҳар кишвар мутобиқ мекунад. Дар бархе кишварҳо боздидҳои фавриву муназзам бисёр муҳим аст, чун як масъалаи амниятӣ пиндошта мешавад. Вале дар бархе кишварҳо КБСС бо ҳукуматҳои он кишварҳо ҳамкории наздик дорад, чун ҳам мо ва ҳам онҳо хоҳони беҳбуди низоми боздошт ҳастем. Мо дар ростои беҳбуди шароит, зерсохтор, мудирият ва ҳамчунин беҳдошту дармон, бавижа дар бахши коҳиши бемории сил кор мекунем. Мо дар ин арса тахассуси фаровоне дорем. Ва албатта, пас аз гӯш додан ба суханронии Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вақте дар бораи ислоҳоти қазоӣ ҳарф заданд, мо бар ин назарем ки таҷрубаи андӯхтаамон дар ин солҳо бисёр коромад хоҳад буд. Ҳамакнун мо дар марҳалаи баррасии ин масоил бо ҳукумати Тоҷикистон ҳастем; то бубинем ин гуфтугӯҳо, ки бахубӣ пеш мераванд, ба куҷо хоҳанд расид. Мо дар соли 2004 фурсати боздид аз зиндонҳоро доштем, вале он чизе ки ҳоло ба мақомоти тоҷик пешниҳод мекунем, бастае аст бо тайъиди васеъе аз имконот – натанҳо ва лузуман боздиди боздоштиён. Мо беҳбуди низоми боздоштро бо тамаркуз бар беҳдошту дармон арза мекунем. Дар Осиёи Миёна мо ба маконҳои боздошти Қирғизистон дастрасӣ дорем. Тамаркузи аслии мо дар онҷо решакан кардани сил дар маконҳои боздошт аст.
–
Тавре иттилоъ дорем, ҳар гуна фаъолияти КБСС дар маконҳои боздошт ба ҳеч ваҷҳ эълом намешавад ва ҳар гуна иттилоъи ҷамъоваришуда ҳангоми боздид аз муассисоти боздоштӣ комилан маҳрамона аст. Чаро фикр мекунед, ҳатто таҳти чунин шароит ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ба шумо дастрасии озод ба зиндонҳои кишварро надодааст?
– Фикр мекунам ин суолро бояд аз мақомоти Тоҷикистон пурсид. Ҳарчанд таҷрубаи мо нишон медиҳад, ки бархе авқот барои расидан ба як тасмим замон ва сабр лозим аст. Ман дар ин бора хушбинам.



