Идомаи тренингҳои лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ»

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии  Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  гузаронидани тренингҳои омӯзиширо дар доираи  лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» идома медиҳад. Ҳадафи асосии лоиҳа бартараф намудани мушкилоти  норасоии кадрҳо дар  соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад. Тавре дар варақаи иттилооти ТҶ «Хома» зикр мегардад, тренинги навбатӣ аз 2 то 6 июни соли равон […]

ASIA-Plus



Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии  Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  гузаронидани тренингҳои омӯзиширо дар доираи  лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» идома медиҳад. Ҳадафи асосии лоиҳа бартараф намудани мушкилоти  норасоии кадрҳо дар  соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад.

Тавре дар варақаи иттилооти ТҶ «Хома» зикр мегардад, тренинги навбатӣ аз 2 то 6 июни соли равон идома ёфта, он ба такмили дониши гурӯҳи  мутахассисони  технологияҳои  истеҳсоли телевизионӣ, яъне коргардонҳо, муҳаррирон, наворбардорони студия, коргардонҳои садо, равшанидиҳандагон ва танзимгарон равона шудааст. Ин давраи омӯзишӣ дар базаи  Муассисаи давлатии телевизиони Сафина давом дорад. Мавзӯи тренинг «Банақшагирӣ ва истеҳсоли барномаи студиявии телевизионӣ» буда, ба он зиёда аз 30 нафар кормандони студияҳои телевизионӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.

Гуфта мешавад, қисмати бештари тренинг аз дарсҳои амалӣ иборат буда, дар доираи он иштирокчиён жанрҳои барномаҳои студиявии телевизионӣ, сохтани сенария, драматургияи барнома, композитсия ва танзими барномаҳоро меомӯзанд. Инчунин бо сабти барномаҳо тариқи чор камера ва аҳамияти интихоби дурусти ранг, мусиқӣ ва равшанӣ шинос мешаванд.

Қисми муайяни тренинг ба идоракунии ҷараёни барномасозӣ ва асосҳои кор дар майдончаи наворбардорӣ бахшида мешавад. Дар телевизиони Сафина иштирокчиёни тренинг на танҳо дар сабти барномаҳо иштирок мекунанд, балки бевосита бо сабти ду барномаи таҷрибавӣ низ машғул мешаванд.

Иштирокдорон ният доранд нозукиҳои кори студияро  вобаста ба декоратсия, интихоби реҷаи рушноӣ,  садо, ҳамкории гурӯҳи эҷодӣ (коргардон, муҳаррир, наворбардор, танзимгар, коргардони овоз, равшанидиҳанда, баранда) дар майдончаи наворбардорӣ аз худ кунанд. Интизор меравад, ки онҳо донишу малакаи худро оид ба ҷобаҷокунии иштирокчиёни барнома, ҷойгиршавии дурусти камераҳо, ракурс ва интихоби пасманзар  такмил  медиҳанд.

Дар ҷараёни тренинг барномаҳои бо худ овардаи иштирокчиёнро тамошо намуда, муҳокима ва таҳлили онҳо гузаронида мешавад.             

Ба ҳайси тренерон коргардони ботаҷриба, продюсери шинохта дар соҳаи телевизион ва  фильмбардорӣ, муаллифи як қатор фильмҳои ҳуҷҷатӣ Юрий Бурсев  (Федератсияи Россия) ва коргардон, кинооператор, аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Зайнулобиддин Восихов таклиф шудаанд.

Дар баробари иштирокчиёни тренинг, муаллифони барномаҳои студиявии ТВ Сафина низ имкон пайдо мекунанд, ки аз муаллимони ботаҷриба барои беҳтар кардани сифати барномаҳояшон маслиҳатҳои муфид гиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.