Иштироки гумрукчиён дар курси «Услубҳои муайянкуниии автомобилҳои дуздидашуда»

Чордаҳ афсари хадамоти гумрукӣ дар курси омўзишӣ доир ба мавзўи “Услубҳои муайянкуниии автомобилҳои дуздидашуда” иштирок карданд. Курси мазкур дар чорчӯбаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ амалӣ мегардад, ташкил шудааст. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, ду омўзгори австриягӣ […]

ASIA-Plus



Чордаҳ афсари хадамоти гумрукӣ дар курси омўзишӣ доир ба мавзўи “Услубҳои муайянкуниии автомобилҳои дуздидашуда” иштирок карданд. Курси мазкур дар чорчӯбаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ амалӣ мегардад, ташкил шудааст.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, ду омўзгори австриягӣ аз Маркази байналмиллалии оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ (МБРСМ) ба иштироккунандагони курси омўзишӣ иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои муайянкунии автомобилҳо тақдим намуданд. Дар рафти курси омўзишӣ иштироккунандагон бо услубҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-коди) автомобилҳо ва роҳҳои ошкорсозии автомобилҳои дуздидашуда ошноӣ пайдо карданд.

Дар рўзи сеюми дарс машқҳои амалӣ дар терминали гумрукии “Душанбе-2” сурат гирифт. Дар он ҷо барои афсарони хадамоти гумрукӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш ва маҳорате, ки дар соҳаи муайянсозии автомобилҳои дуздидашуда ба даст оварданд, дар амал нишон диҳанд.

Тақвияти амният дар Осиёи Марказӣ ва ҷонибдории тиҷорат ва транзити қонунӣ аз як тараф, ва аз тарафи дигар пешгирии убуру мурури ғайриқонунии одамон ва маҳсулот аз сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ вазифаи умдаи барномаи БОМКА ба ҳисоб меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.