Раиси Маҷлиси намояндагон сафири Гурҷистонро ба ҳузур пазируфт



Зимни мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгенти вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Гурҷистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки  соли ҷорӣ аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни кишварҳо 20 сол сипарӣ мешавад, вале, мутаассифона, дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, танҳо се асноди ҳуқуқии ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.

Шукурҷон Зуҳуров изҳори умедоврӣ намуд, ки дар бораи ҳамкорӣ асноди иловагии аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳукумати Гурҷистон пешниҳодшуда ба имзо мерасанд. Ҷонибҳо ҳамчунин муҳим будани таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумониро таъкид карданд.

Константин Жгенти дар навбати худ иброз дошт, ки Гурҷистон ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҳамеша омода аст ва ҳамчун намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон истифода хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное