Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону ИМА таҳти раҳбарии Озода Раҳмон баргузор шуданд

Рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмон Эмомалӣ Машваратҳои сиёсии навбатии дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи давлатии ИМА, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар ширкат […]

ASIA-Plus



Рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмон Эмомалӣ Машваратҳои сиёсии навбатии дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи давлатии ИМА, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар ширкат варзиданд, баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти машваратҳо, масъалаҳои амниятӣ, ченаки инсонӣ, масоили рушди иқтисодӣ ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гаштанд.

Дар маърӯзаи худ Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ суръати вусъатёбандаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикиро қайд намуд. Бо камоли қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба, ки солҳои охир ба даст расидааст, қайд гардид ва изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманд идома хоҳанд ёфт. Ҳамзамон, масъалаҳои идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ байни кишварҳо, мукаммалсозии пояи шартномавӣ-ҳуқуқии дуҷониба, фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ таҳти муҳокима қарор гирифт. Зимни суханронии худ Раҳмон Озода Эмомалӣ нақши ИМА дар эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар Афғонистон ва таъсири мусбии онро ба  вазъи умумии амниятии минтақа қайд намуд. Дар ин росто, инчунин фаъолияти USAID дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардид.

Ёвари котиби давлатии ИМА Ниша Десай Бисвал муносибатҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон барои иқдомҳои фаъол ва тахассуснок, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба равона гардидаанд, изҳори миннатдорӣ кард. Ба ақидаи Ёвари котиби давлатии ИМА, машваратҳо бори аввал самараноктар ва фаъолтар баргузор гардида, он ба сатҳи тахассусии назаррас бардошта шуд. Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо ин сатҳи бадастрасидаро нигоҳ медоранд. 

Дар рафти машваратҳо масоили амниятӣ баррасӣ гашта, дар он ҷонибҳо оид ба ҷолишҳои мавҷуда, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва террористӣ дар минтақа маншаъ мегиранд, ақидаи яксонро изҳор карданд.

Дар мавриди масъалаҳои озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон, намояндагони амрикоӣ сатҳи муколамаи мавҷударо дар ин соҳа баланд арзёбӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамкории фаъол дар соҳаи энергетикӣ байни се кишвар Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон қайд гардид. Намояндагони Котиботи давлатии ИМА ислоҳоти иқтисодии дар Тоҷикистон ҷараёндошта ва ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро мусбат баҳо доданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманд изҳори умед карданд ва ба машваратҳои баргузоргашта баҳои мусбат доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Монеи издивоҷ бо дӯстдухтар шуданд. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.