Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи VIII-уми байнулмилалии саноати сабук «ИнтерЛегПром-2014» ифтитоҳ мегардад. Дар намоишгоҳ матоъҳои гуногун, трикотаж, сарулибос, нах, ришта, маснӯот аз мӯинаву чарм, мебел барои манзил ва дафтари корӣ, пойафзол ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Оғоз соати 10-00; – Дар Душанбе кори ҷаласаи 11-уми Кумитаи раҳбарии «Маркази ҳунармандӣ» […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи VIII-уми байнулмилалии саноати сабук «ИнтерЛегПром-2014» ифтитоҳ мегардад. Дар намоишгоҳ матоъҳои гуногун, трикотаж, сарулибос, нах, ришта, маснӯот аз мӯинаву чарм, мебел барои манзил ва дафтари корӣ, пойафзол ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Оғоз соати 10-00;

– Дар Душанбе кори ҷаласаи 11-уми Кумитаи раҳбарии «Маркази ҳунармандӣ» барои кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи 25-уми Комиссия оид ба рушди захираҳои инсонӣ идома меёбад. Дар ҷаласа намояндагони Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9112

сомонӣ;


1

евро –

6.7403

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


06

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи байнулмилалии ҳифзи муҳити зист.


1922

– Нахустшумораи маҷаллаи ҳаҷвии «Крокодил» ба табъ расид.


2004

– Дар Сочи гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Э.Раҳмон ва В.Путин роҳи ҳалли ӯҳдадориҳои қарзии Тоҷикистон дар назди Русияро пайдо карданд. Қарор шуд, ки 250 млн. $-и қарз ба ивази ба ҷониби Русия додани истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» ҳисоббаробарӣ шуда, 50 млн. $ ба сифати сармоягузории Русия дар Тоҷикистон истифода шавад.


2011

— Гӯштигири тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо дар Бухарест медали тилло ба даст овард.


2012

— Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои ғайриқонунӣ нигоҳдории силоҳи оташфишон собиқ раҳбарони Комбинати ордбарории Қайроқкум маҳкум шуданд.


1927

– Зодрӯзи адабиётшинос ва тарҷумон Бобо Худойдодов.


1934

– Мавлуди олим Наим Яқубов.



Вазъи обу


ҳ


аво




Дар




вилояти




Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +15+20.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона дар водиҳо аксаран бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +16+21.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +18+23;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +7+12.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.