Истеҳсоли шабонарӯзии 29 млн. кВт/соат барқ дар нерӯгоҳи «Норак»

Ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар Тоҷикистон 43 млн. 711 ҳазор кВт/соатро ташкил медиҳад, ки беш аз 5 млн. кВт/соати он ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи ҳосилшуда ба минтақаи шимол – 13,2 млн. ва ба минтақаи ҷанубу маркази […]

Заррина Эргашева



Ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар Тоҷикистон 43 млн. 711 ҳазор кВт/соатро ташкил медиҳад, ки беш аз 5 млн. кВт/соати он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи ҳосилшуда ба минтақаи шимол – 13,2 млн. ва ба минтақаи ҷанубу маркази кишвар – 25 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. «Аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи тавлидшуда дар як шабонарӯз ҳиссаи асосӣ – 29 млн. 190 ҳазор кВт/соат ба нерӯгоҳи обиву барқии «Норак» рост меояд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти вазорат, дар як шабонарӯз нерӯгоҳҳои «Бойғозӣ» – 5 млн. 204 ҳазор, «Сангтӯда-1» – 3 млн. 864 ҳазор, «Сангтӯда-2» – 1 млн. 691 ҳазор, «Сарбанд» – 2 млн. 237 ҳазор, «Шаршар» – 516 ҳазор, «Қайроққум» – 477 ҳазор ва силсиланерӯгоҳҳои Варзоб – 365 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд.

«Феълан захираи об дар обанбори бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ дар кишвар – «Норак» ҷараён дорад. Ҳамасола ин кор то аввали моҳи июл идома ёфта, сипас ҷараёни партоби холии об берун аз агрегатҳо оғоз мегардад, зеро Тоҷикистон ба содироти чунин ҳаҷми нерӯи барқ имкон надорад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистон ба кишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон нерӯи барқ содирот мекунад. Шабонарӯзи ахир аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 1 млн. 632 ҳазор ва Афғонистон – 3 млн. 738 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Нимаи моҳи майи соли равон миёни ҶСК «Электрические станции» (Истгоҳҳои барқӣ)-и Қирғизистон ва ШСХК «Барқи тоҷик» дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани то 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат шартнома ба имзо расид. Содироти нерӯи барқ ба Афғонистон низ то аввали тирамоҳи соли ҷорӣ идома ёфта, арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои кишвари ҳамсоя 3,5 сент муқаррар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.