Бедаракшавии ноболиғи 15-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ



Санаи 26-уми май дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳоҷиакбар Исматови 15-сола бедарак шуд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ки ба «Азия-Плюс» муроҷиат намуданд, рӯзи 26-уми май ӯ ба мактаб рафта, аммо баъди дарсҳо ба хона барнагаштааст. Ҳамсоягонаш изҳор намудаанд, ки пас аз дарсҳо ӯро дар бозори маҳаллӣ дидаанд.

Хешовандони Ҳоҷиакбар Исматов аз шахсоне, ки дар бораи макони будубоши кӯдаки ноболиғ ягон маълумот доранд, дархост мекунанд, ки ба телефонҳои рақами 900-414-073 ё 919-833-042 занг бизананд. Суроға: ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Зайнабобод, деҳаи Кишоварз.

spot_imgspot_img

Популярное