Вазъи солимии Шаҳбол Мирзоев рӯ ба беҳбудӣ меорад



Вазъи солимии сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки айни замон дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Суғд муолиҷа мегирад, рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Тавре имрӯз маълум шуд, пас аз итминон ҳосил кардани табибон оид ба мустақилона нафасгирии Шаҳбол, аз ӯ дастгоҳи ҳавософкунии сунъии шуш гирифта шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» падари сарбоз Нуъмон Мирзоев хабар дод, чанде қабл шуши Шаҳбол аз рентген гузаронида шуда, табибон гуфтаанд, ки вазъи солимии ӯ рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Нуъмон Мирзоев ҳамчунин зикр кард, ки ду рӯз қабл намояндагони хадамоти марзбонии вилоят назди ӯ омада, ваъда додаанд, ки тамоми хароҷоти муолиҷа дар дохили кишварро ҷуброн мекунанд, аммо дар бораи ҷуброни хароҷоти табобат дар дармонгоҳи Маскав ҳарфе нагуфтаанд. «То имрӯз оилаи мо аз ҳукуматдорон ягон кумаки пулӣ нагирифтааст», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон пардохти маблағи табобати сарбоз Шаҳбол Мирзоев ва ҷуброн зарари ба ӯ расонидашударо

ба дӯш гирифт

.

Санаи 29-уми майи соли равон Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва як қатор созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ба унвони Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо даъвати барҳам додани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд, 

мактуби кушод

 интишор намуданд.

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми июн баррасии парванда нисбат ба хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмон Ғайратовро, ки ба лату кӯби бераҳмонаи ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоев гумонбар дониста мешавад,

 оғоз кард

. Усмон Ғайратов ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва риоя накардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ айбдор карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ӯ ба хунукназарӣ айбдор мешавад. Ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии ин парванда санаи 9-уми июн доир мегардад

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи май 

пас аз ҷарроҳӣ

 дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Маскав сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз бемористон рухсатӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар дармонгоҳи Русия оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард.

spot_imgspot_img

Популярное