Ш. Хайруллоев коргардонҳои рӯйдодҳои рӯзи 21-уми майи Хоруғро медонад

Ёвари президент оид ба масъалаҳои амният Шералӣ Хайруллоев Хайруллоев тасдиқ мекунад, ки коргардонҳо ва дирижёрони рӯйдодҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ дар Душанбе қарор доранд. Дар ин бора ӯ дар вохӯри бо фаъолони маркази вилоят ибрози назар кард. «Ман бо онҳо тариқи телефон суҳбат кардам. Касоне, ки аз берун мушкилоти Бадахшонро ҳал карданианд, ҳатто шаҳрвандони […]

ASIA-Plus



Ёвари президент оид ба масъалаҳои амният Шералӣ Хайруллоев Хайруллоев тасдиқ мекунад, ки коргардонҳо ва дирижёрони рӯйдодҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ дар Душанбе қарор доранд. Дар ин бора ӯ

дар вохӯри бо фаъолони маркази вилоят

ибрози назар кард.

«Ман бо онҳо тариқи телефон суҳбат кардам. Касоне, ки аз берун мушкилоти Бадахшонро ҳал карданианд, ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистон набуда, дар Хоруғ на оилаашон ҳасту на хешу табор доранд», – иттилоъ медиҳад Хайруллоев. Ӯ фаъолони шаҳрро ба ҳушёрӣ даъват намуда, илова мекунад, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ пеши роҳи ин шахсонро чизе гирифта наметавонад.

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз мансаб ва мақоми шаҳрвандӣ, гунаҳкорон ҳатман муҷозот мешаванд. «Ба комиссияи тафтиши ин ҳодисаҳо мо касонеро шомил кардем, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод намуданд. Чунин ҳолат дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷой надорад, вале мо ин роҳро пеш гирифтем, то ки баъд нагӯянд, ки тафтиш якҷониба сурат гирифт», – зикр мекунад Хайруллоев.

Ба қавли собиқ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, дар натиҷаи оташзании се бинои маъмурӣ (прокуратура, суд ва милитсия) дар ҳаҷми беш аз 10 млн. сомонӣ зиён расонида шудааст.

Ёвари президент мегӯяд, дар Тоҷикистон ду минтақаи мухолифатовар мавҷуд аст, ки якеаш ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дақиқан Ворух, Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ дар марз бо Қирғизистон ва дигарӣ ВМКб – шаҳри Хоруғ аст.

Хайруллоев ҳамчунин хотирнишон кард, ки аз соли 2012 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷаммӯъи толибон ба мушоҳида мерасад ва агар дар Тоҷикистон вазъ ноором гардад, ин ҷо дарҳол аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», Толибон, «Ал-Қоида» ва дигарон пайдо мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.