Баррасии имкони истифодаи бандари гурҷии Потӣ аз ҷониби Тоҷикистон



Зимни мулоқоти муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалов бо сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгенти масъалаи истифодаи бандари Потӣ аз ҷониби Тоҷикистон барои ҳамлу нақли бор баррасӣ шуд.

Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷуҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯри масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, аз қабили транзити борҳо тариқи роҳи оҳан ба порти Потӣ ва коридори ТРАСЕКА мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Ширкатҳои Тоҷикистон тариқи бандари Потӣ кайҳост, ки кор мекунанд. Тавассути он асосан транзити алюминий аз Тоҷикистон ба Аврупо ва воридоти гилхок барои истеҳсоли алюминий сурат мегирад. Айни замон ин коридор барои кор бештар қобили қабул аст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба барномаи ТРАСЕКА 8 кишвар – Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.

spot_imgspot_img

Популярное