Дар Фаронса Убайдуллоев масъалаи ифтитоҳи ширкати истеҳсоли обҳисобкунакҳоро баррасӣ мекунад

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи имрӯз бо даъвати сенати Фаронса бо як ҳайати кишвар ба Фаронса сафар кард. Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, зимни сафар Убайдуллоев аз ширкати фаронсавии «Итрон Франс», ки дар бозори ҷаҳонӣ бо истеҳсоли таҷҳизоти обҳисобкунакҳо маъруф аст, боздид намуда, […]

Меҳрангез Турсунзода



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи имрӯз бо даъвати сенати Фаронса бо як ҳайати кишвар ба Фаронса сафар кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, зимни сафар Убайдуллоев аз ширкати фаронсавии «Итрон Франс», ки дар бозори ҷаҳонӣ бо истеҳсоли таҷҳизоти обҳисобкунакҳо маъруф аст, боздид намуда, бо раиси ширкат Паскал Мишодел дидору гуфтушунид мекунад. «Дар вохӯрӣ масъалаи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсол ва таъмири обҳисобкунакҳо дар шаҳри Душанбе дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Фаронса то 13-уми июн идома меёбад. Дар доираи сафар Убайдуллоев бо раиси сенати Фаронса Жан Пйер Бел, сенаторон Андре Дюл, раиси гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии «Фаронса – Осиёи Марказӣ», Ив Поззо де Борг мовини раиси гурӯҳи дӯстии Фаронса ва Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид карда, масоили густаришу таҳкими муносибатҳои байнипарлумониро баррасӣ мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.