Суғд: Ҷавобгарии волидайн барои монеъа шудан ба таҳсили фарзанд

Дар вилояти Суғд падару модари як оила барои монеъ шудан ба таҳсили писарашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, нисбати сокини ҷамоати Сабристони ноҳияи Истаравшан, З.А.-и 40-сола мутобиқи моддаи 164, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) […]

Мавлуда Рафиева



Дар вилояти Суғд падару модари як оила барои монеъ шудан ба таҳсили писарашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, нисбати сокини ҷамоати Сабристони ноҳияи Истаравшан, З.А.-и 40-сола мутобиқи моддаи 164, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки З.А. аз моҳи сентябри соли 2013 ба писараш, хонандаи синфи 8-ум барои гирифтани маълумоти умумии ҳатмӣ монеъа эҷод намуда, ӯро ба корҳои хоҷагӣ ҷалб мекардааст. Аз рӯи далели мазкур тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, соли 2013 дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 28 нафар падару модарон барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонашон ҷиҳати гирифтани маълумоти умумии ҳатмӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ҳамин давра барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияву таҳсили фарзандон 338 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.