Сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон



Президенти Латвия Андрис Берзинш имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин сафар А.Берзиншро ҳайати сершумори доираҳои тиҷоратии Латвия ҳамроҳӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10-уми июн дидору гуфтушуниди президенти Латвия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар буда, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсату тиҷорат ва фарҳангро баррасӣ ва оид ба масоили муҳими минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули назар мекунанд.

«Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Латвия ва имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ пешбинӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин вохӯриҳои президенти Латвия бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода, иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ дар майдони Дӯстӣ ва ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Латвия низ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Латвия, рӯзи 11-уми июн Андрис Берзинш аз Душанбе ба Муғулистон раҳсипор мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное