«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Теҳронро ду маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 25-уми июн парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Теҳронро ду маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкати мазкур хабар дод, парвозҳо ба Теҳрон рӯзҳои чоршанбе ва якшанбеи ҳафта сурат мегиранд. «Қаблан «Тоҷик Эйр» танҳо рӯзи якшанбе парвоз ба Теҳронро анҷом дода, ширкати ҳавопаймоии эронии […]

ASIA-Plus



Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 25-уми июн парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Теҳронро ду маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкати мазкур хабар дод, парвозҳо ба Теҳрон рӯзҳои чоршанбе ва якшанбеи ҳафта сурат мегиранд. «Қаблан «Тоҷик Эйр» танҳо рӯзи якшанбе парвоз ба Теҳронро анҷом дода, ширкати ҳавопаймоии эронии «Осмон» ду маротиба парвоз аз Машҳад ва як маротиба аз Теҳрон ба Душанберо анҷом медод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ширкати «Осмон» танҳо парвоз аз Машҳад ва «Тоҷик Эйр» ду маротиба дар як ҳафта парвозҳо ба Теҳронро таъмин мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамин тариқ, парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон 4 маротиба дар як ҳафтаро ташкил медиҳанд. Қаблан раҳбарони ҳарду кишвар ҷонибдори роҳандозии парвози ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо буданд, вале бо мусофирон таъмин набудани ин хатсайр амалӣ шудани ин нақшаро бозмедорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.