Баррасии самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону ИА дар Душанбе



Рӯзи 9-уми июни соли равон вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Янош Ҳерман баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳо барои солҳои 2014-2020 баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ба мавзӯъҳои таҳкими амнияти сарҳадӣ, идораи захираҳои об, энергетика ва муҳити зист, татбиқи минбаъдаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҷалби Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

spot_imgspot_img

Популярное