Нашри шумораи нахусти маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»

Шумораи нахусти маҷаллаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ бо номи «Дин ва ҷомеа» нашр шуд. Котиби матбуотии Кумита Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҷалла бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба табъ расида, сардабири маҷалла раиси Кумита Абдураҳим Холиқзода аст. Арзиши маҷалла […]

Меҳрангез Турсунзода



Шумораи нахусти маҷаллаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ бо номи «Дин ва ҷомеа» нашр шуд.

Котиби матбуотии Кумита Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҷалла бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба табъ расида, сардабири маҷалла раиси Кумита Абдураҳим Холиқзода аст. Арзиши маҷалла ҳудуди 10 сомониро ташкил медиҳад.

Дар муқоваи шумораи нахустини маҷалла акси президенти кишвар ва ҳамчунин аксҳои вохӯрии ӯ бо аҳолӣ чоп шудаанд.

Ба гуфтаи муҳаррири маҷалла Мавлон Мухторов, дар Тоҷикистон то ҳанӯз маҷаллаи махсуси инъикоскунандаи танҳо мушкилоти марбут ба дин вуҷуд надошт. «Дин ва ҷомеа» маҳз ҳамин гуна маҷалла мешавад. Тамоми мушкилоти марбут ба дин, фиқҳ ва баҳсҳо миёни намояндагони дин дар маҷалла муфассал инъикос карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки идораи маҷалла ҳамчунин ба қабули саволҳои хонандагон омода буда, ба ин саволҳо олимон ва коршиносон посух хоҳанд гуфт. «Хонандагон метавонанд мақолаҳои худро низ барои интишор дар маҷалла ирсол кунанд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки «Дин ва ҷомеа» аввалин маҷаллаи дорои мундариҷаи динӣ дар Тоҷикистон набуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо номи «Сафинаи умед» ва портали динии «Рӯзгор» низ ба ин монанд маҷаллаҳои худро интишор мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.