Нозироти андоз қароргоҳи ҲНИТ дар Кӯлобро муҳр зад

Нозироти молиёт дари қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлобро бастааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба суханони Муҳаммадшариф Набиев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, «имшаб бахши кумитаи андоз дар минтақаи Кӯлоб омада, авбошона дари қароргоҳро муҳр задааст». Ӯ гуфтааст, «қаблан андоз мегуфт, шумо бояд аз қайд гузаред. Аммо бо […]

ASIA-Plus



Нозироти молиёт дари қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлобро бастааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба суханони Муҳаммадшариф Набиев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, «имшаб бахши кумитаи андоз дар минтақаи Кӯлоб омада, авбошона дари қароргоҳро муҳр задааст».

Ӯ гуфтааст, «қаблан андоз мегуфт, шумо бояд аз қайд гузаред. Аммо бо сабаби он ки мо шуъба ҳастему тобеи марказ ва марказ, ки дар молиёт сабти ном шудааст, гуфтем, шуъбаро ба қайд нахоҳем гирифт. Агар кумита даъво дорад, ба додгоҳ муроҷиат намояд. Вале ин саҳар дари мақарро баста дарёфтем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо ҷавонони Кӯлоб дар қароргоҳи шуъбаи минтақавии ҳизб бояд баргузор гардад.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ изҳор доштааст, ки «кумитаи молиёт чунин як ҳуқуқ надорад, зеро масъулини шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун кормандони ҷамъиятии ҳизб фаъолият менамоянд. Онҳо расмӣ нестанд, маош намегиранд». Ба гуфтаи ӯ, дар аксари кулли бахшҳои ҲНИТ дар навоҳӣ ин шеваи кор ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳамин хотир Маҳмадалӣ Ҳаит амали нозироти андозро дар Кӯлоб ғайриқонунӣ хонда гуфтааст, «мақомоти андоз ин корро метавонистанд бо роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи судӣ ҳал кунанд. Вале амали мазкур бо дастури мақомот ба хотири монеа эҷод кардан ба вохӯрии ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки идомаи фишорҳо дар доираи «Протоколи 32-20» мебошад, сурат гирифтааст».

Зимнан зикр мегардад, ки чанде қабл идораи амволи шаҳри Кӯлоб бо далели омадани кумиссиюни вилоятӣ ҳуҷҷатҳои қароргоҳи шуъбаро барои омӯзиш бурда будаанд, то паҳлуҳои ҳуқуқии фурӯхта шудани қароргоҳро омӯзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.