Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон дар Қайроққум

Дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд 11 -14 июни соли ҷорӣ Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад. Анҷуман бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон. «Дар чорабинӣ 130 нафар фаъолҷавонон аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд 11 -14 июни соли ҷорӣ Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад.

Анҷуман бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон.

«Дар чорабинӣ 130 нафар фаъолҷавонон аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ, волонтёрони АМВТ, намояндагиҳо аз дастгоҳи президенти кишвар, палумон, ниҳодҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, шарикони иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва меҳмонони дигар ширкат хоҳанд кард», – иттилоъ медихад Кумита.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи Анҷуман рушд ва таъмини иштироки насли ҷавон дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷомеа, ташаккули заминаҳои методиву амалии ҳаракати волонтёр дар Тоҷикистон ва баррасии механизмҳои рушдёбии устувори ташкилотҳои ҷавонон маҳсуб меёбад.

Дар доираи Анҷуман, ки аз ҷаласаҳои умумӣ ва сесияҳои мавзуӣ иборат аст, масоиле назири дастовард ва натоиҷи фаъолияти ИТҶТ дар соли 2013, қадамҳои нахустини ҳаракати волонтёрӣ ва ҳадафу иқдомҳои Асосиатсияи милли волонтёрӣ, таҳсилоти духтарон: муҳимият ва дурнамо, ақоиди ҷавонон ва таҳлили қонунгузории алоқаманд, фаъолнокии ҷавонон ва рушди ҷомаеву давлат ва масоили дигар муҳокимаву баррасӣ ва барномаҳои фарњангӣ амалӣ хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.