Маърӯзаи О.Бобоназарова оид ба қисмати занони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ

Бо ташаббуси сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон оид ба масъалаи пешгирии зӯроварӣӣ шаҳвонӣ дар низоъҳо мизи гирд доир мегардад. Тавре аз сафоратхонаи Бритониёи Кабир хабар доданд, ташаббуси пешгирӣ намудани зӯроварии шаҳвонӣ дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона соли 2011 аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Бритониѐи Кабир Виллиам Ҳейг ва вакили махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) марбут […]

ASIA-Plus



Бо ташаббуси сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон оид ба масъалаи пешгирии зӯроварӣӣ шаҳвонӣ дар низоъҳо мизи гирд доир мегардад.

Тавре аз сафоратхонаи Бритониёи Кабир хабар доданд, ташаббуси пешгирӣ намудани зӯроварии шаҳвонӣ дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона соли 2011 аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Бритониѐи Кабир Виллиам Ҳейг ва вакили махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) марбут ба кор бо гурезагон Анҷелина Ҷоли пиѐда карда шуд. Саммити глобалӣ оиди бартараф кардани зӯроварии шаҳвонӣ дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона дар Лондон баргузор мегардад. Вале ҳамаи сафоратҳои Шоҳигарии Бритониѐ, ки дар дигар гӯшаву канори дунѐ фаъолият мекунанд, низ ин саммитро дар рӯзҳои гуногун, аз 10-ум то 13-уми июни соли 2014 баргузор менамоянд. Чунин чорабинии глобалӣ намояндагони давлатҳое, ки Декларатсияи СММ оид ба бартараф намудани зӯроварии шаҳвонӣ дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона ҷонибдорӣ намуданд, ҷамъ меоварад.

Бо ҳадафи ҷонибдорӣ намудани чунин ташаббуси глобалӣ, Сафорати Бритониѐи Кабир дар Душанбе 11-уми июни соли 2014 дар бинои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо чорабиниеро баргузор менамояд. Чорабинӣ бо суханони пазироии Сафири Алоҳазрат Малика Елизаветаи II ҷаноби Робин Орд-Смит ифтитоҳ мешавад. Иштироккунандагони чорабинӣ аз Вазорати корҳои хориҷӣ, дафтари Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ, СММ оид ба Занон донишҷӯѐни донишгоҳи славянии Руссия ва Тоҷикистон, намаояндагони Кумитаи оид ба Дин, намояндаҳо аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва инчунин занҳои тоҷик, ки шоҳидони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон буданд, даъват шуданд.

Ойниҳол Бобоназарова дар бобати қисмати занони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маърӯзаеро пешниҳод менамояд.

Пешниҳодҳои калидии аз мубоҳиса ба даст омада ба Саммити глобалии Лондон пешкаш мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...