Имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Латвия

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Латвия дар музокироти расмии сатҳи олӣ идома ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, гуфтугӯйи доманадори судбахш доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи глобалии зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони […]

ASIA-Plus



Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Латвия дар музокироти расмии сатҳи олӣ идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, гуфтугӯйи доманадори судбахш доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи глобалии зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

Пас аз мулоқоту музокироти расмӣ миёни ду кишвар 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои судбахш мусоидат хоҳанд кард:

– Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

– Ёддошти тафоҳум байни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳофизати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Латвия;

Зимни изҳори матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза изҳори қаноат карда, ба дурнамои робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Латвия, аз ҷумла дар доираи раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо, ки нимаи аввали соли 2015 ҷараён хоҳад дошт, баҳои баланд доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.