YouTube дар Тоҷикистон боз дастнорас шуд

Чанде аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон имрӯз дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро қатъ намуданд. Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон танҳо корбарони ширкатҳои Мегафон ва Telecom technology ба YouTube дастрасӣ доранд. Ӯ бар ин бовар аст, ки ояндаи наздик ин ширкатҳо ҳам дастрасӣ ба […]

ASIA-Plus



Чанде аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон имрӯз дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро қатъ намуданд.

Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон танҳо корбарони ширкатҳои Мегафон ва Telecom technology ба YouTube дастрасӣ доранд.

Ӯ бар ин бовар аст, ки ояндаи наздик ин ширкатҳо ҳам дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро қатъ мекунанд. «Таҷриба гувоҳи он аст, ки агар якчанд ширкатҳои фароҳамсози интернет дар як вақт дастрасӣ ба видеохостинги мазкурро қатъ намоянд, ин маънои онро дорад, ки аз боло супориш шудааст. Бо супориши хаттӣ ё шифоҳии Хадамоти алоқаи ҶТ сурат гирифтани ин амалро аз эҳтимол дур намедонам», – гуфт Атоев.

Ба қавли вай, ба онҳо алҳол нусхаи супориши мазкур нарасидааст. «Ман аз эҳтимол дур намедонам, ки қатъи дастрасӣ ба видеохостинг бо пайдо шудани кадом як навори видеоии «номақбул» сурат гирифтааст, вале маҳз кадом навор буданашро намедонам», – иброз дошт Атоев.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.