Анҷоми сафари фиристодаи махсуси ИА ба Тоҷикистон



Сафир Янош Ҳерман, ки ба наздикӣ чун Фиристодаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Осиёи Марказӣ таъин шудааст, ҳангоми сафари худ ба ин минтақа 9 июни соли 2014 ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Вазири энергетика ва захираҳои обӣ Усмоналӣ Усмонов ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров мулоқотҳо гузаронид. Илова бар ин, сафир Ҳерман бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаласа доир намуд ва дар Академияи Вазорати корҳои хориҷӣ пиромуни сохтори ИА, равобити ин созмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон барои дипломатҳои ҷавон маърӯза кард.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми мулоқотҳо бо сиёсатмадорони тоҷик сафир Ҳерман дар бораи идомаи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар доираи буҷавии ИА барои солҳои 2014 – 2020 сухан ронд. Ӯ гуфт, ки ИА дар буҷаи худ тақрибан 1 миллиард евро кӯмак ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ кардааст. Фиристодаи махсус низ аҳамияти муколамаи сиёсӣ ва зарурати густариши ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон таъкид намуд.

Гуфта мешавад, инчунин сафир Ҳерман масоили амният ва ҳамкорӣ алайҳи таҳдидҳои байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи қочоқи маводи нашъаоварро мавриди баҳс қарор дод. Тарафайн низ равобити иқтисодӣ, масъалаҳои об, энергетика ва ғайраро муҳокима карданд. Сафир Ҳерман эҳтиёҷоти энергетикии Тоҷикистонро дарк намуда, зарурати ислоҳот дар бахши энергетика, аз ҷумла иқдомоти сарфаҷӯӣро иброз дошт.

Ҳамчунин, идомаи муколама ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон таъкид карда шуд.

Иттиҳоди Аврупо аз 28 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб аст. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷаллобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархӯрдор аст. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушди мамлакат ба маблағи тақрибан 25 млн. евро кӯмак фароҳам менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное