Ба боми яке аз манзилҳои 4-ошёнаи пойтахт крани сохтмонӣ чаппа шуд

Ба яке аз манзилҳои 4-ошёнаи пойтахт крани сохтмонӣ чаппа шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» тариқи телефон шоҳидони воқеъа хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, тахминан соати 14-30-и рӯз як крани начандон бузургҳаҷм ба болои яке аз манзилҳои 4-ошёнаи воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов афтодааст. Дар ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе тариқи телефон ин маълумотро […]

ASIA-Plus



Ба яке аз манзилҳои 4-ошёнаи пойтахт крани сохтмонӣ чаппа шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» тариқи телефон шоҳидони воқеъа хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, тахминан соати 14-30-и рӯз як крани начандон бузургҳаҷм ба болои яке аз манзилҳои 4-ошёнаи воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов афтодааст.

Дар ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе тариқи телефон ин маълумотро тасдиқ накарданд. Хабарнигорони «Азия-Плюс» ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, боварӣ ҳосил карданд, ки чунин ҳодиса воқеъан ҳам рух додааст. Крани сохтмонии начандон бузурги воқеъ дар майдони сохтмони хонаи баландошёна якпаҳлӯ ба бинои чорошёна афтода, қисмате аз боми хонаро хароб кардааст.

Бино ба маълумоти шоҳидони воқеъа, аз ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар ҳамин ҳол, зимни таҳияи маълумоти мазкур кран дар ҳамон ҳолати пешинааш қарор дошта, симтанобаш (трос) қариб то ба замин мерасид. Бинокорон изҳор карданд, ки онҳо КҲФ-ро огоҳ кардаанд, вале онҳо то ҳол ҳозир нашуда, сардори сохтмонро ба прокуратура даъват намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.