ШВКД Кӯлоб дарёфти афроди ба Кабирӣ ҳамлакардаро ваъда дод

Шоми дирӯз ба Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бораи аз ҷониби афроди номаълум ба сӯйи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ партофта шудани помидору тухми мурғ ариза ворид гардид. Сардори ШВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Назаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо аризаи дахлдор дар ин хусус ба шуъба раҳбари бахши […]

ASIA-Plus



Шоми дирӯз ба Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бораи аз ҷониби афроди номаълум ба сӯйи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ партофта шудани помидору тухми мурғ ариза ворид гардид.

Сардори ШВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Назаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо аризаи дахлдор дар ин хусус ба шуъба раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмадшариф Набиев муроҷиат кардааст.

«Ӯ бо ман суҳбат карда, албатта, ман ваъда медиҳам, ки мо ин ҳодисаро таҳқиқ мекунем ва афроди ба Кабирӣ ҳамланамударо дарёфт ва чораҳои зарурӣ меандешем», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми июн баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ

ҳамла сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.