Роҳандозии робитаҳои нав миёни соҳибкорони Тоҷикистону Латвия

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистону Латвия ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор шуд. Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ин вохӯрӣ барои табодули афкор ҷиҳати роҳандозии ҳамкории минбаъда муҳим буда, дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Президенти Латвия Андрис Берзинш […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистону Латвия ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ин вохӯрӣ барои табодули афкор ҷиҳати роҳандозии ҳамкории минбаъда муҳим буда, дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Президенти Латвия Андрис Берзинш изҳор намуд, ки ин ҳамоиши тиҷоратӣ барои роҳандозии робитаҳои нав миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, ки шуморашон аз ҷониби Латвия 50 нафарро ташкил медиҳад, заминаи зарурӣ муҳайё месозад.

«Соҳибкорони тоҷик барои мо бегона нестанд ва гувоҳи ин гуфтаҳо фаъолияти як корхона дар Латвия бо иштироки сармояи Тоҷикистон аст. Дар муносибат бо Тоҷикистон мо ба имкони рушди роҳҳои нақлиётӣ тариқи қатораи контейнерии Балтика – транзит ва Шабакаи Шимолии таҳвил таваҷҷуҳ медиҳем, ки метавонад минтақаи баҳри Балтикаву Иттиҳоди Аврупоро бо Осиёи Марказӣ пайваст намояд», – зикр кард ӯ.

Дар навбати худ вазири рушди иқтисоди Латвия пешниҳод намуд, ки дар роҳандозии ҳамкориҳо миёни кишварҳо ба бахшҳои дорусозиву коркарди синтез, таъсиси корхонаҳои дӯзандагиву бофандагӣ ва рушди сарчашмаҳои алтернативии энегия мебояд афзалият дод. «Тайи 35 соли ахир мо ба роҳандозии муносибатҳои судманд бо кишварҳои Аврупо муваффақ шудем ва воқеъан ҳам метавонем миёни Ғарб, Шарқ ва Осиё як пуле бошем», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.