Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки
ҳамла ба раиси ҲНИТ
дар Кӯлоб ва
пикети ғайриқонунӣ
дар назди сафорати Британияи Кабир дар Душанбе кори дасти як нафар ё як гурӯҳе аст.
Ҳуқушинос ва муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки чун ниҳодҳои интизомии кишвар ба боздошти гунаҳкорони ин бетартибиҳо таваҷҷуҳе надоранд, метавон тахмин кард, ки фармоишгар гурӯҳҳои наздиҳукуматӣ мебошанд.
Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки фишорҳои ахир ба намояндагони ҲНИТ ва монеъагузорӣ ба фаъолияти онҳо ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар ҷумҳурӣ марбутанд.
«То имрӯз ман надидаам, ки чунин ҳолатҳо нисбати намояндагони ҲХДТ рух дода бошанд, ахиран чунин ҳодисаҳо танҳо бо ҲНИТ, ҲСДТ ё афроди ҷудогонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ рух медиҳанд. Агар чунин ҳодиса бо ягон мансабдори давлатие рух диҳад, ман бовар дорам, ки гунаҳкорон фавран дарёфт ва парвандаи ҷиноӣ боз мешавад, вале агар ин воқеъа ба рҳбарони аҳзоби сиёсии мухолиф рух диҳад, танҳо ваъда медиҳанд, ки таҳқиқ хоҳанд кард», – иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи журналист Раҷаби Мирзо, чунин ҳодисаҳои ахиран зиёдшуда иғвоандезии ошкор аст ва муаллифони онҳо касоне мебошанд, ки ноамнӣ дар кишвар ба манфиати онҳост.
«Рӯйдодҳои солҳои 90-ум, ки аз ҳамин гуна иғвоандезиҳо оғоз гардида буданд, нишон доданд, ки он бо ҷанг ва хунрезӣ анҷом мепазирад. Дар ҳолати ҳамла ба Кабирӣ, намояндагони ҳизб изҳор намуданд, ки миёни ҳамлагарон кормандони КДАМ-ро дидаанд ва агар чунин бошад, ҳамон тавре хоҳад шуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд», – чунин мешуморад. Р.Мирзо.
Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки маҳз миёни намояндагони КДАМ шахсоне ҳузур дошта метавонанд, ки «дар ду ҷабҳа кор мекунанд».
Журналист мегӯяд, ноустувории ҳукумат ва иғвогариҳо гувоҳи онанд, ки худи давлат дар як ҳолати номуайян қарор дорад ва дар кишвар оид ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ стратегияе мавҷуд нест, ки дар навбати худ ба ҳаросу парешонии намояндагони ҳукумат боис мегардад.
«Ростӣ вақте ки Саймӯмин Ятимовро раиси КДАМ таъин намуданд, бисёриҳо умедвор буданд, ки фаъолияти ин сохтор ба таври назаррас рӯ ба беҳбудӣ меорад, зеро ӯ худ шахси хеле босаводу ҳирфаӣ аст, аммо ҳамааш бадтар шуд», – гуфт вай.
Раҷаби Мирзо низ зикр кард, ки таваҷҷуҳ надоштани ниҳодҳои интизомӣ ба таҳқиқи ин ҳодисаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳама гуна ҳолат давлат воқиф аст, ки маҳз кӣ имрӯз дар ноамн кардани вазъ даст дорад.



