ҲНИТ: Ҳукумат аз таҳаммули мо сӯистифода мекунад

Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ изҳороти расмӣ интишор намуд. Дар изҳорот зикр мегардад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи ҳуҷум ба раиси ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлобро шадидан маҳкум намуда, онро ҷинояти тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳое […]

ASIA-Plus



Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ изҳороти расмӣ интишор намуд.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи ҳуҷум ба раиси ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлобро шадидан маҳкум намуда, онро ҷинояти тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳое медонад, ки оромию субот ва Ваҳдати миллиро халалдор кардан мехоҳанд. Дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом гирифтани ин ҷиноят бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам доираҳои мафиатҷӯ хоҳони бесуботӣ ва нооромии нав дар кишвар ҳастанд.

«Бояд ёдовар шуд, ки то имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти ҳизб ба хотири ҳимоя аз Ваҳдати миллӣ ва оромию субот дар кишвар сиёсати сабру таҳаммулгароӣ дар баробари фишору озори мақомот аз масъулияти аввалиндараҷаи ҳар узви ҳизб ба шумор мерафт. Боиси таассуф аст, ки аз сиёсати сабру таҳаммули ҲНИТ мақомоти давлатӣ сӯистифода намуда, фишору ҳуқуқвайронкунии худро бештар карданд.

Гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲНИТ идома ёфтани ин вазъиятро дар остонаи омодагӣ ба чорабинии муҳимми сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ барои субот ва амнияти кишвар хатарнок меҳисобад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо амалӣ намудани чораҳои мушаххас ҳарчи зудтар пеши роҳи амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвогароёнаи баъзе мақомот ва гурӯҳҳоро бигирад ва нишон бидиҳад, ки масъулияти таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро новобаста аз нажод, дин, ҳизбият ва минтақа ба дӯш дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.